Идомаи вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон


Вуруди барқияҳои табрикӣ ба унвони президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Керри зикр мегардад, ки «ИМА робитаҳои дӯстонаи байни ду кишварро арзишманд дониста, хоҳони тавсеа ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бо Тоҷикистон мебошад ва ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои самарабахш бо Ҳукумати кишвар дар роҳи ривоҷи давлати мутараққӣ, осоишта ва демократӣ изҳор менамояд».

Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йоахим Гаук қайд мекунад, ки «ногузир аст, ки муносибатҳои бисёрсолаи дӯстона миёни кишварҳои мо минбаъд низ рушд ёфта, пеш бурда шаванд. Мехоҳам Шуморо ҳавасманд намоям, то Шумо дар кишваратон ба ислоҳот бо қатъият даст занед, аз ҷумла мутаносибан дар масъалаи рушди давлати ҳуқуқӣ ва демократӣ. Тоҷикистон минбаъд низ метавонад ба дастгирии доимии мо дар роҳи эъмори кишвари замонавӣ ва хоҷагии бозорӣ умедвор бошад».

Дар барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер омадааст: «Робитаҳои дӯстонаи миёни кишварҳоямон ҳамеша дар ҳоли густаришанд ва моро мебояд барои боз ҳам васеъ ва қавӣ намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд талош варзем. Аминам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи интихобкардаи худ дар самти ҳокимияти қонунӣ, демократӣ ва авлавиятҳои иқтисодӣ минбаъд низ устувор қадам мезанад».

Дар барқияи табрикотии ноиби Котиби генералии СММ, Директори Иҷроияи Раёсат оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ Юрий Федотов изҳори итминон крада мешавад, ки «рушди ҳамкориҳои муассиру судманд ва созанда миёни ниҳоди мо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризми байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмилливу фасод минбаъд низ идома хоҳад ёфт».

spot_imgspot_img

Популярное