Э.Раҳмон генерали амрикоиро ба ҳузур пазируфт

Шоми рӯзи 22-юми ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии нақлиётии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Вилям Фрейзер III – ро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот доир ба ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Ба дурнамои рушди вазъият дар […]

ASIA-Plus


Шоми рӯзи 22-юми ноябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии нақлиётии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико генерал Вилям Фрейзер III – ро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот доир ба ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар соҳаҳои сиёсию амниятӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ба дурнамои рушди вазъият дар Афғонистон ва минтақаи атрофи он пас аз соли 2014 таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Дар робита ба транзити молҳои кишварҳои аъзои НАТО аз Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки “Ҳукумати Тоҷикистон тибқи Созишномаи бо НАТО бастааш ба ин кор ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард”.

Генерал Вилям Фрейзер III бо ёдоварӣ аз нақши муҳими Тоҷикистон ва мавқеи стратегии ҷуғрофии он дар Осиёи Марказӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Амрико минбаъд низ рушди идораи сарҳадот ва таъмини моддию техникии нерӯҳои марзбонӣ, сохторҳои амниятӣ, қудратӣ, хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои марбут ба таъмини амнияти минтақавӣ дастгирӣ хоҳад кард.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.