Дар марз бо Тоҷикистон Қирғизистон панҷара мегузорад

Бо мақсади бо таҷҳизоти муҳандисӣ таъмин намудани марзи давлатӣ, Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар масофаи беш аз 16 километру 340 метри марзи давлатӣ бо Тоҷикистону Қирғизистон панҷараҳо насб намуд. Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии марзбонӣ ва ВАО-и Қирғизистон, қад-қади марзи давлатӣ хандақҳо кофта шуданд, ки масофаи умумиашон зиёда аз 8 километрро ташкил медиҳад. Зикр мегардад, ки […]

ASIA-Plus


Бо мақсади бо таҷҳизоти муҳандисӣ таъмин намудани марзи давлатӣ, Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар масофаи беш аз 16 километру 340 метри марзи давлатӣ бо Тоҷикистону Қирғизистон панҷараҳо насб намуд.

Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии марзбонӣ ва ВАО-и Қирғизистон, қад-қади марзи давлатӣ хандақҳо кофта шуданд, ки масофаи умумиашон зиёда аз 8 километрро ташкил медиҳад.

Зикр мегардад, ки имрӯз низ корҳои бо таҷҳизоти муҳандисӣ таъмин кардани марзи давлатии Қирғизистон идома дорад. «Барои ҳифзи пурсамаи марз ва мушоҳидаву назорати визуалии он посгоҳҳо гузошта хоҳанд шуд, ки ба таъмини ҳимоя ва назорати ҳудуди 500 километри марзи байни Қирғизистон бо Тоҷикистону Ӯзбекистон имкон медиҳанд», – хабар дода мешавад дар иттилоъ.

Гуфта мешавад, посгоҳҳои мушоҳидаву назорат дар қисматҳои бештар имконпазири ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои убури ғайриқонунии марзи давлатӣ гузошта шуда, онҳо бо тамоми таҷҳизоту дастгоҳи муосири мушоҳидаи визуалӣ таъмин карда хоҳанд шуд.

Ҳамчунин бо мақсади тақвияти посбонӣ ва ҳимояи марзи давлатии Қирғизистон, мубориза бо ҳодисаҳои коррупсионӣ дар гузаргоҳҳои назоратии марз низоми мушоҳидаи видеоии муҷаҳҳаз бо технологияи такмилёфта ва имкони дастрасӣ аз масофаи хеле дур ба камераҳои видеоӣ низ насб карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.