Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Санкт-Петербург


Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия раҳсипор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар шаҳри Санкт-Петербург ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар кори ҷаласаи навбатии Шӯро ва иҷлосияи 39-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Ассамблеияи байнипарлумонии кишварҳои узви СААД ширкат меварзад.

«Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин дар конфронс таҳти унвони «Амнияти ядроӣ дар ҷаҳони муосир ва нақши парлумонҳо дар раванди даст кашидан аз аслиҳаи ядроӣ ва паҳн кардани он» иштирок ва суханронӣ хоҳад кард», – зикр кард Султонов.

Ба гуфтаи номбурда, дар ҷараёни сафар як қатор дидору гуфтушуниди дуҷонибаи Ш.Зуҳуров бо раисони парлумонҳои кишварҳои узви ИДМ низ дар назар аст.

spot_imgspot_img

Популярное