Коҳиши воридоти гандум дар баробари поинравии нарх дар Қазоқистон

Шурӯъ аз моҳи октябр воридкунандагони гандуми Қазоқистон ба Тоҷикистон маҳсулотро бо арзиши нисбатан поинтар дар муқоиса бо моҳи сентябр харидорӣ мекунанд, вале ҳаҷми воридоти ин навъи маҳсулот ҳамоно дар ҳоли коҳишёбист. Аз КВД «Ғалла» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон арзиши 1 тонна гандуми навъи 3-юми содиротӣ аз Қазоқистон аз […]


Шурӯъ аз моҳи октябр воридкунандагони гандуми Қазоқистон ба Тоҷикистон маҳсулотро бо арзиши нисбатан поинтар дар муқоиса бо моҳи сентябр харидорӣ мекунанд, вале ҳаҷми воридоти ин навъи маҳсулот ҳамоно дар ҳоли коҳишёбист.

Аз КВД «Ғалла» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки айни замон арзиши 1 тонна гандуми навъи 3-юми содиротӣ аз Қазоқистон аз 220 $ шурӯъ мегардад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз моҳи август арзиши он ба 345 $ ва ахири моҳи сентябр арзиши яклухти он ба 280 $ баробар буд.

«Поинравии нархи гандум ба ҳосили хуби имсолаи зироати ғалладона дар Қазоқистон вобаста буда, метавон тахмин кард, ки соли равон арзиши гандуму орди истеҳсоли Қазоқистон боло намеравад», – гуфтанд дар корхона.

Дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 501 ҳазору 99 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17% камтар аст. Ҳаҷми воридоти орд дар ин давра ба 178,1 ҳазор тонна баробар шудааст, ки дар қиёс бо нишондиҳандаи соли пешин 37% камтар мебошад.

Давоми моҳҳои январ-октябр дар Тоҷикистон 934,7 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2% бештар аст. Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли маснӯоти нонӣ коҳиш ёфта, 1,3 млн. тоннаро ташкил додааст.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар майдони 297 ҳазору 691 гектар зироати ғалладона кишт шуда, ҳаҷми ҳосили ҷамъоварда 1,2 млн. тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 121,7 ҳазор тонна зиёдтар аст. Аз ҳаҷми умумии ҳосили зиротаи ғалладона 800 ҳазор тоннаашро гандум ташкил медиҳад, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 106,3 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ таъсис дода шуд

Мақоми нави машваратиро сарвари давлат роҳбарӣ мекунад

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.