Муаррифии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба макотиби олӣ

Имрӯз дар маҷлисгоҳи бинои “Душанбе-Плаза”-и шаҳри Душанбе Маркази миллии тестӣ якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, бо дастгирии Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Россия (READ), Бонки ҷаҳонӣ ва Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон муаррифии «Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баргузор менамояд. Тавре […]


Имрӯз дар маҷлисгоҳи бинои “Душанбе-Плаза”-и шаҳри Душанбе Маркази миллии тестӣ якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, бо дастгирии Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Россия (READ), Бонки ҷаҳонӣ ва Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон муаррифии «Низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баргузор менамояд.

Тавре аз Маркази миллии тестӣ хабар доданд, дар маросими муаррифӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ҷабборова, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Саидов, роҳбари шӯъбаи илм ва маорифи дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар А. Нозимов, роҳбари барномаи (READ) дар Тоҷикистон аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ С.Бозорова ва роҳбари Шуъбаи Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди мадад З.Ҳалимова, Сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Лякин-Фролов, роҳбарони мактабҳои олӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони сохторҳои соҳаи маориф, мушовирони байналмилалӣ ва намояндагони ВАО иштирок мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, мақсади асосии ин ҷаласа ба аҳли ҷомеа ошно намудани тартибу қоидаҳо ва расмиёти имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ва тақсими донишҷӯён ба донишгоҳу доникадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки тавассути Маркази миллии тестӣ аз соли 2014 оғоз мегардад.

Гуфта мешавад, ҷорӣ намудани низоми нав – бо тартиби мутамарказ ба роҳ мондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар заминаи иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба рушд ва пешрафти соҳаи маориф ва ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар маросими муаррифӣ суханронии директори Маркази миллии тестӣ Ҷаъфаров С., муовини аввали директор Менглиев Б. ва сардорони шуъбаҳои Маркази миллии тестӣ дар назар дошта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.