Як қатор гуфтушунидҳои раиси ПСС ҶТ дар Париж


Чанде қабл раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Бюрои байнулмилалии намоишгоҳӣ (BIE) дар шаҳри Париж ширкат варзид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, дар доираи сафар ба шаҳри Париж Шариф Саид бо Котиби генералии BIE Висенте Гонзалес Ласерталес дидору гуфтушунид анҷом дода, дар мулоқот масоили ҷории муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои ҳамкориҳо дар баргузории намоишгоҳҳои байнулмилалӣ баррасӣ шуданд. Тоҷикистон аз соли 2009 узви Бюрои байнулмилалии намоишгоҳӣ (BIE) мебошад.

Гуфта мешавад, зимни мулоқоти раиси ПСС ҶТ бо президенти BIE Феридинанд Наги Шариф Саид ҳамсуҳбаташро бо вазъи фаъолият дар самти баргузор крадани ярмаркаву намоишгоҳҳо дар Тоҷикистон ва иштироки кишвар дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ шинос карда, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо BIE низ баррасӣ шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное