Иштироки Кабирӣ дар форуми байнулмилалии Қазон

Имрӯз дар пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон таҳти унвони «Ҳамгиройии иқтисодии авруосиёӣ: дастовард ва мушкилот» форуми ҷамъиятӣ ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати Тотористон ва Агентии федералии «Россотрудничество» бо ташаббуси «Муколамаи авруосиёӣ»-и назди Маҳфили парлумонии аврупоии Русия созмон дода мешавад. Бино ба иттилои сомонаи форум, дар кори форум иштироки раиси Думаи давлатии Русия […]


Имрӯз дар пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон таҳти унвони «Ҳамгиройии иқтисодии авруосиёӣ: дастовард ва мушкилот» форуми ҷамъиятӣ ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати Тотористон ва Агентии федералии «Россотрудничество» бо ташаббуси «Муколамаи авруосиёӣ»-и назди Маҳфили парлумонии аврупоии Русия созмон дода мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи форум, дар кори форум иштироки раиси Думаи давлатии Русия Сергей Наришкин, намояндагони созмонҳои ҷамъиятии Русия ва кишварҳои хориҷӣ, коршиносону олимон, сиёсатмадорони Русияву Қазоқистон ва Белорус ва ҳамчунин нозирон аз кишварҳои узви ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо дар назар аст.

Барои иштирок дар ин форум ҳамчунин намояндагони Тоҷикистон низ даъват шудаанд. Дар форум Тоҷикистонро раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва роҳбари ТҒД «Муколамаи тамаддунҳо» Иброҳим Усмонов намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар форум масоили таҳкими муносибатҳо миёни кишарҳо дар сатҳи байнулмилалӣ, рушди зербинои воҳид дар паҳнои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёс дар бахшҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳанг, рушди соҳибкорӣ дар паҳнои Иттиҳод, робитаҳои иқтисодии беруна дар доираи Иттиҳоди гумрукӣ, инкишофи бозори моликияти зеҳнӣ, таҳкими робитаҳои ҳамгиройӣ дар паҳнои пасошӯравӣ ва ғайра баррасӣ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.