Поси хотири қурбониёни муҳосираи Ленинград аз ҷониби ҳайати парлумонии Тоҷикистон

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баҳри поси хотири қурбониёни муҳосираи шаҳри Ленинград аз оромгоҳи Пискарёвои шаҳри Санкт-Петербург боздид намуд. Дар шаҳри Санкт-Петербург раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар кори ҷаласаи навбатии Шӯро ва иҷлосияи 39-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Ассамблеяи […]


Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баҳри поси хотири қурбониёни муҳосираи шаҳри Ленинград аз оромгоҳи Пискарёвои шаҳри Санкт-Петербург боздид намуд.

Дар шаҳри Санкт-Петербург раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар кори ҷаласаи навбатии Шӯро ва иҷлосияи 39-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Бюрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви СААД ширкат меварзад.

Котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Санкт-Петербург ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта аъзои ҳайати парлумонӣ вакилон Маҳмадалӣ Ватанов, Саид Ёқубзод, Маҳмадшариф Ҳақдодов ва Амирхон Сафаров дар кори комиссияҳои дахлдори Ассамблеяҳои байнипарлумонии ИДМ ва СААД иштирок карданд.

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон имрӯз ҳамчунин дар конфронси байнулмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Қонунгузории кишварҳои узви СААД дар бахши таъмини амнияти иттилоотӣ: таҷриба, мушкилот ва дурнамои ҳамоҳангсозӣ» низ ҳузур хоҳад дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.