ВАО-и беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2013 эълон мешаванд


Дар ҷараёни кори мизи гирди имрӯза таҳти унвони «ВАО -и Тоҷикистон: Дастовардҳо ва дурнамо» васоити ахбори умум (ВАО)-и беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2013 муайян карда мешаванд.

Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов роҷеъ ба тамоилҳои умумӣ дар фазои расонаҳои хабарии кишвар маълумот дод. Директори ТҶ «Медиа консалтинг» Набӣ Юсуфов дурнамои ВАО-и тоҷикро «норавшан» унвон кард.

Дар чорабинӣ беҳтарин ВАО-и Тоҷикистон дар соли 2013 эълон хоҳанд шуд, ки тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти Маркази таҳқиқоти иҷтимоии «Зеркало» муайян карда мешаванд.

Ғолибонро диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ интизор аст, ки аз ҷониби раиси Маркази таҳқиқоти иҷтимоии «Зеркало» Қаҳрамон Бақозодва ва раиси ИЖТ Акбаралӣ Сатторов тақдим крда мешаванд.

Маркази таҳқиқоти иҷтимоии «Зеркало» муддати 10 сол фаъолият дошта, дар ин давра ҳудуди 100 лоиҳаи гуногунмиқёсро бо истифода аз методҳои гуногуни таҳқиқот анҷом додааст.

spot_imgspot_img

Популярное