Вориси ояндаи падар?

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда писари калонии президент Рустами Эмомалӣ ба вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ таъин карда шуд. Дар ин вазифа ӯ Гурез Зариповро, ки аз соли 1993 дар ин мансаб фаъолият дошт, бинобар сабаби ба нафақа баромаданаш иваз намуд. Рустами Эмомалӣ 19-уми январи соли 1987 таваллуд шуда, айни замон яке аз мансабдорони […]


Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда писари калонии президент Рустами Эмомалӣ ба вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ таъин карда шуд. Дар ин вазифа ӯ Гурез Зариповро, ки аз соли 1993 дар ин мансаб фаъолият дошт, бинобар сабаби ба нафақа баромаданаш иваз намуд.

Рустами Эмомалӣ 19-уми январи соли 1987 таваллуд шуда, айни замон яке аз мансабдорони ҷавонтарини давлатӣ ба шумор меравад.

Хатмкардаи факултаи «Муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шунавандаи курсҳои Академияи дипломатии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байнулмилалии Маскав (МГИМО) аст. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва ба ҳайси муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ фаъолият дошт. Яке аз муассисон ва молики дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, аз 5-уми январи соли 2012 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.

Таъини Рустами Эмомалӣ ба вазифаи сардори Хадамоти гумрукро коршиносон омодагӣ ба таъинот ба мансаби болотаре медонанд.

Қаблан дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлатов чунин ибрози андеша карда буд, ки ба ҳайати нави ҳукумат роҳ ёфтани фарзандон ва хешони наздики сарвари давлат аз эҳтимол дур нест.

Ба гуфтаи ӯ, вақте соли 1992 Раҳмон сари ҳокимият омад, он замон ӯро эътилофи васеи намояндагони вилояти Ленинобод (феълан Суғд) ва Кӯлоб, ҳамчунин як қатор ноҳияҳои водии Ҳисор дастгирӣ карданд, вале баъди ҳар як интинхоботи навбатӣ ин эътилоф тангтар шуда, дар атрофи ӯ бештар хешовандон ва зодагони ноҳияи худаш боқӣ монданд.

«Агар ин тамоил минбаъд низ боқӣ монаду Раҳмон сиёсати кадриашро бозбинӣ накунад, ки ман ба он шубҳа дорам, дар ҳукумати минбаъда мо аллакай фарзандон ва хешовандони наздики ӯро хоҳем дид. Бо ба воя расидани онҳо Раҳмон бештар ба онҳо такя карда, ҳатто таъсири ҳамдиёрони худ – данғарагиҳоро низ дар ҳукумат маҳдуд мекунад. Дар ҷомеаҳои маъмулии шарқӣ ин ҳодисаҳо зиёд рух медиҳанд, зеро ҳокимон бештар ба қавму қабила ва авлоди худ эътимод доранд. Дар вазифаи президент ва раиси ҳукумат Раҳмон бори дигар ин аксиома дар сиёсатро собит намуд», – гуфта буд аз ҷумла Н.Давлатов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.