Се аъзои Маҷлиси миллӣ то ахири сол ваколатҳояшонро месупоранд

Дар робита ба тағйироти кадрӣ дар ҳайати ҳукумат, се аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ то ахири сол ба истеъфо мераванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, мутобиқи қонунгузории кишвар, Қоҳир Расулзода бинобар сабаби ба мансаби нахуствазир таъин шуданаш бояд аз вазифаи муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ, Қодири Қосим бинобар […]


Дар робита ба тағйироти кадрӣ дар ҳайати ҳукумат, се аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ то ахири сол ба истеъфо мераванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, мутобиқи қонунгузории кишвар, Қоҳир Расулзода бинобар сабаби ба мансаби нахуствазир таъин шуданаш бояд аз вазифаи муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ, Қодири Қосим бинобар сабаби ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуданаш аз мансаби муовини раиси Маҷлиси миллӣ истеъфо дода, Хайрулло Асоев, ки вазири нақлиёт таъин шуда, низ бояд ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллиро биспорад.

Ба иттилои мнабаъ, дар муддати се моҳи баъди қабули қарор дар бораи супурдани ваколатҳои аъзои зикршудаи Маҷлиси миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ бояд интихоботи вакилон ба ҷойи аъзои хориҷшударо доир намояд.

Палатаи болоии парлумон аз 33 вакил иборат буда, мувофиқи Конститутсияи ҶТ, аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо роҳи ғайримустақим тавассути овоздиҳии пӯшида дар ҷамъомадҳои муштараки вакилони мардумии ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоб карда мешаванд.

Дар Маҷлиси миллӣ ВМКБ, вилоятҳо, Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ теъдоди баробари намояндаҳо – ҳар кадоме 5 вакил доранд.  Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро (8 вакил) президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Маҷлиси миллӣ дар асоси даъват фаъолият менамояд.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 боло буда, маълумоти олӣ дорад, метавонад вакили Маҷлиси миллӣ интихоб ва ё таъин гардад.

Ҳар як президенти собиқи Тоҷикистон то охири умр аъзои Маҷлиси миллӣ маҳсуб мешавад, агар ӯ аз ин ҳуқуқи худ даст накашад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.