Санаи 12 декабри соли равон дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» аз рӯи натиҷаи озмуни ҷумҳуриявии «Қуллаи шараф» маросими супоридани ҷоизаи «Бренди сол – 2013» баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар чорабинӣ доираи васеи бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндагони ширкатҳо ва ташкилотҳо ширкат меварзанд. Ҳадафи асосии Озмун ҳавасмандгардонии ширкатҳо оид ба истифодабарӣ ва пешбурди Бренди худ мебошад.
Иштирок ва ғолибият дар ин Озмун обрӯи ширкатро беҳтар намуда, ба ҷоизадорон имконияти ба даст овардани маъруфият ва эътирофро миёни истеъмолкунандагон ва рақибон дар ҷумҳурӣ ва берун аз он медиҳад.
Дар чорабинии зикршуда ситораҳои эстрадаи тоҷик Нигина Амонқулова, Таҳмина Ниёзова ва дигарон ширкат меварзанд. Зикр бояд намуд, ки тахминан 50 ширкат дар ин Озмун иштирок карданд.



