Таъсиси хадамоти оташнишонӣ дар ноҳияи Қубодиён

Дар ноҳияи Қубодиён хадамоти оташнишонӣ таъсис дода мешавад. Муовини сардори Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон Саидбек Аминов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки корҳои сохтмони бино тариқи «ҳашар» ба роҳ монда шуда, ба он ҳам аҳолии маҳаллӣ ва ҳам муассисаҳои давлатӣ сафарбар шудаанд. Ба қавли ӯ, муддати 20 соли ахир дар ин […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Дар ноҳияи Қубодиён хадамоти оташнишонӣ таъсис дода мешавад.

Муовини сардори Раёсати хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон Саидбек Аминов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки корҳои сохтмони бино тариқи «ҳашар» ба роҳ монда шуда, ба он ҳам аҳолии маҳаллӣ ва ҳам муассисаҳои давлатӣ сафарбар шудаанд.

Ба қавли ӯ, муддати 20 соли ахир дар ин ноҳия хадамоти оташнишонӣ амал намекард ва барои бартараф кардани ҳодисаҳои сӯхтор кормандони хадамоти оташнишонии ноҳияи Шахритӯс даъват мешуданд.

«Дар заминаи хадамоти оташнишонии оянда 40 адад ҳайати шахсӣ (штат) таъсис дода шуда, айни замон 5 нафар мутахассисонро мо ба кор қабул кардем ва боз ба 35 нафар мутахассиси дигар ниёз дорем», – иброз дошт. С.Аминов.

Номбурда ҳамчунин гуфт, барои ин хадамот Раёсати хадамоти оташнишонии вилоят як автомашинаи махсус ҷудо карда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани бино, хадамоти оташнишонӣ боз бо як адад чунин автомашина таъмин хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.