Вохӯрии машваратӣ оид ба лоиҳаи CASA-1000 дар Душанбе

Рӯзи 4-уми декабр дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ оид ба баррасии ҳисоботҳои пешакии таҳқиқоти арзёбии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 вохӯрии машваратӣ доир гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур хабар доданд, зимни вохӯрӣ Ҳисоботи пешакӣ оид ба арёзбии экологии минтақавӣ, Ҳисобот оид ба арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва Лоиҳаи санад дар бораи сиёсати кӯчонидан […]


Рӯзи 4-уми декабр дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ оид ба баррасии ҳисоботҳои пешакии таҳқиқоти арзёбии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 вохӯрии машваратӣ доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур хабар доданд, зимни вохӯрӣ Ҳисоботи пешакӣ оид ба арёзбии экологии минтақавӣ, Ҳисобот оид ба арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва Лоиҳаи санад дар бораи сиёсати кӯчонидан баррасӣ шуд, ки барои лоиҳаи пешниҳодшудаи CASA-100 омода гардида буданд.

Муовини вазири энергеткиа ва захираҳои оби ҶТ Пӯлод Муҳиддинов зикр кард, ки Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) ба тиҷорати аввалияи нерӯи барқ дар ҳаҷми 1300 МВт аз ҳисоби нерӯи барқи зиёдатии тавлидшаванда дар мавсими тобистон дар Тоҷикистону Қирғизистон ва содироти он ба Афғонистону Покистон мусоидат мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки амалисозии лоиҳа барои ҳарду минтақа аҳамияти стратегӣ дорад, зеро ба коҳиши сатҳи камбуди барқ дар Афғонистону Покистон ва афзоиши даромад аз фурӯши барқ барои Қирғизистону Тоҷикистон имкон фароҳам месозад.

Машваратҳои мазкур рӯзи 6-уми декабр дар шаҳри Хуҷанд ва 9-уми декабр дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир мегарданд. Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ то 12-уми декабр назару шарҳҳо оид ба ин масъаларо низ қабул хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи CASA-1000 Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 ба 953 млн. доллари ИМА баробар аст. Аз оғози бевоситаи амалисозии лоиҳаи мазкур аввали соли оянда интизорӣ рафта, анҷоми он соли 2017 дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.