Иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллӣ 16 декабр доир мегардад


Чанде қабл раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи рӯзи 16-уми декабр даъват шудани иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ба имзо расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси палатаи болоии парлумони кишвар Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосия қонунҳои қаблан дар палатаи поёнии парлумон қабулшуда баррасӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, дар иҷлосия қабули қарор дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ шудани ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллӣ Қоҳир Расулзода, Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев дар назар аст, ки мутаносибан нахуствазир, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва вазири нақлиёти ҷумҳурӣ таъин шуданд.

spot_imgspot_img

Популярное