Нимаи дуюми 4 декабри соли равон раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев командири Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Русия дар Тоҷикистон полковник Евгений Туболро, ки ба тозагӣ ба ин симмат таъин гардидааст, бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои мутақобила, риояи фарҳанги шаҳрнишинию шаҳрдорӣ, тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби аскарону афсарони Пойгоҳ дар шаҳри Душанбе ва тақвияти робитаҳоро дар самти баргузории чорабиниҳои муштараки ёддоштиву фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки ҳайати шахсии Пойгоҳ минбаъд низ тавассути эҳтиромгузорӣ ба сокинони маҳаллӣ ва риояи муқаррароти Созишномаи марбутаи байнидавлатии Тоҷикистону Федератсияи Русия оид ба мақоми будубоши Пойгоҳи мазкур дар иҷрои вазифаҳои таъинотии худ намунаи ибрат хоҳад монд.



