Тағйири самти парвози баъзе хатсайрҳо бар асари барфи аввал

Бад шудани вазъи ҳаво, аз ҷумла баланд шудани суръати шамол,  фаромадани туман ва боридани барф субҳи имрӯз самти парвози баъзе хатсайрҳоро дигар кард. Мувофиқи муқаррароти қавоиди авиатсионӣ ҳар як ҳавопаймое, ки ба фурудгоҳи таъин парвоз менамояд барои худ чанд фурудгоҳи захиравии дигар низ дорад. Бино ба иттилои котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев, субҳи […]


Бад шудани вазъи ҳаво, аз ҷумла баланд шудани суръати шамол,  фаромадани туман ва боридани барф субҳи имрӯз самти парвози баъзе хатсайрҳоро дигар кард.

Мувофиқи муқаррароти қавоиди авиатсионӣ ҳар як ҳавопаймое, ки ба фурудгоҳи таъин парвоз менамояд барои худ чанд фурудгоҳи захиравии дигар низ дорад.

Бино ба иттилои котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев, субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо рейси 4852, ки дар хатсайри Санкт-Петербург–Душанбе парвоз мекард, бинобар номувофиқ будани вазъи ҳавои фурудгоҳи Душанбе дар фурудгоҳи Кулоб нишаст.  

«Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалиний», ки дар  хатсайри Екатеринбург-Душанбе парвоз мекард, сараввал дар фурудгоҳи Хуҷанд нишаст ва бо мусоид шудани вазъи ҳаво ба Душанбе парвоз кард», – гуфт ӯ.

Ба қавли Шодиев, ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки бо рейси 252 дар хатсайри Москва –Хуҷанд парвоз мекард, бинобар фаромадани туман дар фурудгоҳи Хуҷанд, дар фурудгоҳи Душанбе нишаст ва алъон ҳавои Хуҷанд кушода гашт ва соати наздик ин ҳавопаймо аз Душанбе ба Хуҷанд парвоз хоҳад кард.

Зимнан зикр гардид, ки сарфи назар аз боридани барф, фурудгоҳи Душанбе бо тартиби муқаррарӣ фаъолият намуда, қабул ва гусели ҳавопаймоҳо аз рӯи ҷадвал идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.