Таҳқиқи сабабҳои сӯхтор дар бинои ҳукумати ноҳияи Роштқалъа

Сабабҳои сар задани сӯхтор дар бинои ҳукумати ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ аз ҷониби комиссияи махсуси вилоят мавриди таҳқиқ қарор доранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ВМКБ хабар доданд, тибқи маълумоти пешакии таҳқиқ, сӯхтор бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар яке аз ҳуҷраҳои кории бино сар задааст. «Бино пурра сӯхта, ҳаҷми зарар муайян карда мешавад. Қаблан […]


Сабабҳои сар задани сӯхтор дар бинои ҳукумати ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ аз ҷониби комиссияи махсуси вилоят мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ВМКБ хабар доданд, тибқи маълумоти пешакии таҳқиқ, сӯхтор бар асари расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар яке аз ҳуҷраҳои кории бино сар задааст.

«Бино пурра сӯхта, ҳаҷми зарар муайян карда мешавад. Қаблан ба бинои дигар кӯчонидани ҳукумати ноҳияи мазкур дар назар буд ва сохтмони ин бино айни замон идома дорад», – гуфтанд дар ҳукумати вилоят.

Соати 02:30-и шаби рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар бинои ҳукумати ноҳияи Роштқалъа сӯхтор сар зада, биноро комилан нобуд кард. Ба макони сӯхтор аз Хоруғ ду дастаи оташнишонон сафарбар шуда, автомашинаи яке аз ин дастаҳо ба садама дучор гардид.

Бар асари садама ронандаи автомашина,, сержанти хадамоти оташнишонӣ, сокини 28-солаи ҷамоати Поршнев Амруд Дӯстназаров ва сержанти калони хадамоти оташнишонӣ, сокини 34-солаи шаҳри Хоруғ Шероз Раҷабмамадов ба ҳалокат расиданд. Боз ду нафар кормандони хадамоти оташнишонӣ бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон кормандони ҳукумати ноҳияи Роштқалъа дар биноҳои шуъбаи маориф ва шуъбаи кор бо собиқадорон ҷойгир карда шуда, бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.