Дархости зудтар ҷудо шудани қитъаи замин барои сохтмони сафоратхона дар Украина

Рӯзи 3-юми декабр мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Украина Руслан Демченко баргузор шуд. Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Украина, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, ба масоили марбут ба иҷрои қарордодҳои қаблан қабулшуда оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии мутақобилан судманд таваҷҷуҳи […]


Рӯзи 3-юми декабр мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Украина Руслан Демченко баргузор шуд.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Украина, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуда, ба масоили марбут ба иҷрои қарордодҳои қаблан қабулшуда оид ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии мутақобилан судманд таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин робита муҳим будани амалисозии қарорҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина, ки моҳи апрели соли равон дар Душанбе доир гардид ва ҳамчунин иҷрои Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо таъкид шуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни мулоқот Султонов дархост намудааст, ки масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони бинои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Киев ҳарчи зудтар ҳаллу фасл гардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.