Бурси БОР дар ҳаҷми 136 млн. $ барои таҷдиди нерӯгоҳи «Сарбанд»

Бонки осиёгии рушд (БОР) бурс дар ҳаҷми 136 млн. $ ба Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаи афзоиши таҳвили электроэнергияи барқароршаванда ба низомҳои энергетикии миллӣ ва минтақавиро маъқул шуморид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БОР дар ҶТ хабар доданд, ин аз ҳама бурси бузургҳаҷмест, ки БОР ба Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Дар доираи амалисозии лоиҳа дастгоҳҳои […]


Бонки осиёгии рушд (БОР) бурс дар ҳаҷми 136 млн. $ ба Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаи афзоиши таҳвили электроэнергияи барқароршаванда ба низомҳои энергетикии миллӣ ва минтақавиро маъқул шуморид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии БОР дар ҶТ хабар доданд, ин аз ҳама бурси бузургҳаҷмест, ки БОР ба Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Дар доираи амалисозии лоиҳа дастгоҳҳои барқӣ ва таҷҳизоти механикии нерӯгоҳи «Сарбанд» таъмиру азнавсозӣ мешавад.

Нерӯгоҳи «Сарбанд» дар дарёи Вахш тахминан дар 80 километрии ҷануби Душанбе воқеъ буда, иқтидораш 240 мегаватт ва нерӯгоҳи барқиву обии куҳантарин баъди нерӯгоҳи Қайроққум ба шумор меравад. Сохтмони нерӯгоҳи «Сарбанд» соли 1956 оғоз гардида, соли 1962 мавриди истифода қарор дода шуд.

«Аксари иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ сохта шуда, ба барқарорсозӣ ва азнавсозии технологӣ ниёз доранд ва ба ин васила БОР ба афзоиши ҳосилнокиии бахши энергетика тавассути ислоҳоти зербинои мавҷуда кумак карданист, то ки онро аз нигоҳи тиҷорат бештар ба замони муосир мутобиқ созад», – гуфтааст дар мавриди ин масъала намояндаи доимии БОР дар ҶТ Си-Си Ю.

Интизорӣ меравад, ки пас аз анҷоми корҳои таъмиру азнавсозӣ, ки бояд соли 2020 ба итмом расад, иқтидори нерӯгоҳи «Сарбанд» аз 240 то 252 мегаватт меафзояд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 34 млн. $ маблағгузории шарикӣ дар ин лоиҳаро анҷом дода, ШСХК «Барқи тоҷик» агентии иҷрокунандаи лоиҳа мешавад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда 1,2 млрд. доллари ИМА қарзҳои имтиёзнок, бурсҳо ва кӯмаки техникӣ ҷудо кардааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.