Интиқоли беш аз 18 млрд. $ ба Тоҷикистон дар зарфи 10 сол

– Воситаҳое, ки тавассути интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 10 соли ахир (солҳои 2003-2013) ворид шудаанд, беш аз 19 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд, – иттилоъ дода мешавад дар гурӯҳи ENT (Хабарҳои иқтисодии Тоҷикистон)-и шбакаи иҷтимоии Facebook. Ба иттилои манбаъ бо истинод ба маълумоти Бонки амонатгузории Русия, соли 2006 аз Русия ба Тоҷикистон […]


– Воситаҳое, ки тавассути интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 10 соли ахир (солҳои 2003-2013) ворид шудаанд, беш аз 19 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд, – иттилоъ дода мешавад дар гурӯҳи ENT (Хабарҳои иқтисодии Тоҷикистон)-и шбакаи иҷтимоии Facebook.

Ба иттилои манбаъ бо истинод ба маълумоти Бонки амонатгузории Русия, соли 2006 аз Русия ба Тоҷикистон ҳамагӣ 834,8 млн. $, соли 2007 – 1 млрд. 632 млн. $, соли 2008 – 2 млрд. 516 млн. $, соли 2009 дар робита ба буҳрони ҷаҳонии молӣ – 1 млрд. 724,5 млн. $ ва соли 2012 аллакай – 3 млрд. 634,2 млн. $ (50%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ) маблағи пулӣ интиқол дода шудааст.

Нимсолаи аввали соли равон аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 678 млн. $ маблағи пулӣ интиқол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ба миқдори 280,7 млн. $ зиёдтар мебошад.

Гуфта мешавад, коҳиши мизони афзоиши иқтисод дар Русия ба он оварда мерасонад, ки яқинан ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон дар соли 2014 коҳиш меёбад.

Бино ба маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 2-юми декабри соли ҷорӣ 926 ҳазору 668 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доранд, ки синнусоли 89 ҳазору 405 нафарашон аз 17-сола поинтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.