Ба Кодекси андоз тағйирот ворид шуд

Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз ба Кодекси андоз якчанд тағйирот ворид намуданд, ки дар онҳо озод кардани истеҳсолкунандагони гӯшти мурғ, тухм ва хӯроки чорво аз пардохти як қатор андозҳо ва додани имтиёзҳо ба онҳо пешбинӣ мешавад. Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ду корхона оид ба истеҳсоли гӯшти […]


Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз ба Кодекси андоз якчанд тағйирот ворид намуданд, ки дар онҳо озод кардани истеҳсолкунандагони гӯшти мурғ, тухм ва хӯроки чорво аз пардохти як қатор андозҳо ва додани имтиёзҳо ба онҳо пешбинӣ мешавад.

Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ду корхона оид ба истеҳсоли гӯшти мурғ, тухм ва хӯроки чорво аз пардохти як қатор андозҳо озод карда шуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Руҳулло Ҳакимов зикр кард, ки корхонаҳои «Мурғи Ҳилол» ва «Нутристар Тоҷикистон» аз пардохти як қатор андозҳо, аз ҷумла андоз аз арзиши илова, андоз аз нақлиёт ва боҷҳои гумрукӣ зимни воридоти таҷҳизоти технологӣ озод карда мешаванд.

Ба қавли ӯ, ба онҳо барои таъсиси корхонаҳои истеҳсоли гӯшти мурғ, тухм, хӯроки чорво ва консентратҳо чунин имтиёз дода шуда, иқтидори корхонаи «Мурғи Ҳилол» истеҳсоли 12 ҳазор тонна гӯшти мурғ ва 200 млн. дона тухм ва иқтидори корхонаи «Нутристар Тоҷикистон» (корхонаи муштараки Тоҷикистону Фаронса) истеҳсоли 142 ҳазор тонна хӯроки чорво ва консентратҳо дар як солро ташкил хоҳад дод.

«Амалисозии лоиҳаҳои мазкур ба таъмини 6 ҳазор нафар бо ҷойи кори  доимӣ ва музди меҳнати аз 750 то 1,5 ҳазор сомонӣ имкон фароҳам меорад. Маблағи пардохтҳо аз ҳисоби андозҳои иҷтимоӣ ба 20 млн. сомонӣ баробар мешавад», – гуфт муовини вазири молия.

Бино ба маълумоти Ҳакимов, арзиши лоиҳаи корхонаи «Мурғи Ҳилол» 32,1 млн. доллари ИМА ва лоиҳаи корхонаи «Нутристар Тоҷикистон» – 16,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.