Мақоми 54-уми Тоҷикистон миёни 143 кишвар аз рӯи нархи бензин


Аз рӯи маълумоти омории нархи бензин миёни 143 кишвари дунё Тоҷикистон мақоми 54-умро ишғол намуд.

Бино ба маълумоти рейтинги сомонаи

mytravelcost.com

, миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон бензин аз ҳама гаронтар буда, нархи он 1,29 $ барои 1 литрро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо дар Қирғизистон – 1,07 $  ва Қазоқистон – 0,70 $ барои 1 литрро ташкил медиҳанд. Дар бораи нархи ин сӯзишворӣ дар Ӯзбекистону Туркманистон маълумот дода намешавад.

Ба иттилои манбаъ, сӯзишворӣ дар давлатҳои Венесуэла, Эрон, Арабистони Саъудӣ, Қатар ва Баҳрайн аз ҳама арзонтар будааст, ки нархи он дар ин кишварҳо аз 1 то 3 сентро ташкил медодааст.

Гуфта мешавад, нархҳои балндтарини бензин дар Туркия – 2,35 $ ва Норвегия – 2,75 $ барои 1 литр ба қайд гирифта шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное