Ҳамоиши намояндагони ҳудуди 80 ширкати саноати сайёҳӣ дар Душанбе

Рӯзи 6-уми декабр дар ҳамоиши имсолаи саноати сайёҳӣ намояндагони тақрибан 80 ташкилотҳои соҳаи сайёҳӣ аз саросари Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Ҳаят Риҷенсии Душанбе ҷамъ меоянд. Дар чорабинии мазкур, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон (ТАТО) гузаронида мешавад, ба иштироккунандагон иттилоот ҷиҳати пешравиҳои муҳокимарониҳои ислоҳоти соҳа, ки феълан байни ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ ҷараён мегирад, пешниҳод карда […]

ASIA-Plus


Рӯзи 6-уми декабр дар ҳамоиши имсолаи саноати сайёҳӣ намояндагони тақрибан 80 ташкилотҳои соҳаи сайёҳӣ аз саросари Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Ҳаят Риҷенсии Душанбе ҷамъ меоянд.

Дар чорабинии мазкур, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон (ТАТО) гузаронида мешавад, ба иштироккунандагон иттилоот ҷиҳати пешравиҳои муҳокимарониҳои ислоҳоти соҳа, ки феълан байни ҳукумат ва созмонҳои байналмилалӣ ҷараён мегирад, пешниҳод карда мешавад.

Тавре аз Ассотсиатсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон (ТАТО) хабар доданд, сухангӯён аз созмонҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва инчунин аз муассисаҳои хусусии соҳаи сайёҳӣ таҷрибаҳои худро оид ба фаъолияташон дар соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодул менамоянд ва бахусус таъкид ба он хоҳанд кард, ки чӣ тавр рӯҳияи соҳибкорӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ саҳмгузор аст.

Бар замми мубодила намудани иттилооти таҷдидшуда дар соҳаи сайёҳӣ, дар баҳсу баррасиҳои мазкур, Ассотсиятсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон ин маъракаро як нишонаи қавие дар эътирофи саноати туризм ҳамчун яке аз унсурҳои асосӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон арзёбӣ менамояд. Натиҷаҳо беҳгардонии фазои соҳибкорӣ дар ин соҳа ва тасмимҳои сиёсии мусоидаткунанда ба рушди соҳаи туризм, эҷоди ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани даромад ва саҳм гузоштан ба буҷаи давлат дар бар мегиранд.


Маълумотнома:

Ассотсиатсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон (TATO), ассотсиатсияи миллии соҳаи туризм буда, барои дастрасӣ ба шабака, рушди соҳибкорӣ дар соҳаи туризм имкониятҳо фароҳам меорад. Аз соли 2006 инҷониб, Ассотсиатсияи Ташкилотҳои Туристии Тоҷикистон ба таври фаъол аъзоёни худро дастгирӣ менамояд, хизматрасонии босифатро пешниҳод мекунад ва дар пешниҳоди маҳсулоти инноватсионӣ ташаббусҳо нишон медиҳад.

Узвият дар Ассотсиатсияи мазкур ба ҳамаи ташкилотҳои соҳаи туризм дар Тоҷикистон, ки мехоҳанд барои расидан ба ҳадафи рушди бахши туризм дар муҳити озоду аз лиҳози иҷтисодӣ мусоид саҳм гузоранд, кушода аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.