Ҳукумати Тоҷикистон ба қатъи фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» роҳ намедиҳад

Ҳукумати Тоҷикистон ба аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳи обиву барқии «Сангтӯда-1» роҳ намедиҳад. Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4-уми декабр ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» дар изҳороти пахшкардааш зикр кард, ки фаъолияти нерӯгоҳи обиву барқии «Сангтӯда-1», ки 15% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварро ташкил медиҳад, бинобар сабаби ҳабси суратҳисобҳои ширкат аз ҷониби Кумитаи андоз, метавонад халалдор […]


Ҳукумати Тоҷикистон ба аз фаъолият бозмондани нерӯгоҳи обиву барқии «Сангтӯда-1» роҳ намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4-уми декабр ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» дар

изҳороти пахшкардааш

зикр кард, ки фаъолияти нерӯгоҳи обиву барқии «Сангтӯда-1», ки 15% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар кишварро ташкил медиҳад, бинобар сабаби ҳабси суратҳисобҳои ширкат аз ҷониби Кумитаи андоз, метавонад халалдор шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, айни замон дар ҳамдастӣ бо ширкати «Барқи тоҷик» ҷиҳати пардохти як қисмати қарзҳо ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» тадбирҳо андешида мешаванд, то ки нерӯгоҳ қарзҳояшро ба Кумитаи андоз пардохт намояд.

«Фаъолияти нерӯгоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ қатъ намегардад, мо ба ин роҳ намедиҳем. Мо ба субъекти хоҷагидории «Барқи тоҷик» ҷиҳати ҳалли мушкилот бо маблағ кӯмак мекунем. Дар робита ба Кумитаи андоз бошад, танҳо ҳаминро гуфта метавонем, ки онҳо ба андешидани чунин чораҳо барои андозсупорандагоне, ки саривақт маблаги андозро пардохт намекунанд, ҳуқуқ доранд», – гуфтанд дар вазорат.

Энергетик ва собиқ роҳбари ШСХК «Барқи тоҷик» Баҳром Сироҷев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин маврид зикр кард, ки дар бораи қатъи фаъолияти нерӯгоҳ набояд сухан равад, вале агар ин амал сурат гирад ҳам, барои низоми энергетикии Тоҷикистон он қадр хатарнок нест, зеро нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳамагӣ ҳудуди 10% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳуриро истеҳсол мекунад.

«Агар фаъолияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» қатъ гардад, лимити истифодаи барқ шадидтар мешавад, вале ман мутмаинам, ки ин амал сурат намегирад. Мушкил сари он аст, ки «Барқи тоҷик» ба онҳо маблаги истифодаи барқро пардохт намекунад ва мутаносибан онҳо низ маблағи андозро супурда наметавонанд. Ин ҷо Кумитаи андозро зарур аст, ки тамоми ҳолатҳоро ба инобат гирифта, ба чунин амалҳо даст назанад», – зикр кард ӯ.

Сироҷев изҳори итминон кард, ки ҳарчанд қатъи фаъолияти нерӯгоҳ аз эҳтимол дур бошад ҳам, лекин агар чунин амал сурат гирад, барои минбаъд такроран ба кор даровардани он ҳеҷ мушкилоти техникие вуҷуд нахоҳад дошт.

Ширкати «Барқи тоҷик» аз шарҳи масъалаи мазкур алҳол худдорӣ мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.