Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе сохтмони нахустин манзили зисти 24-ошёна бо баландии 87 метр оғоз гардид.
Маҷмааи манзилӣ дар мавзеи буриши кӯчаҳои Шотемур ва Турсунзода, каме дуртар аз боғи кӯдакони пойтахт, наздикии варзишгоҳи «Спартак» қомат меафрозад.
Фармоишгари манзили зисти баландтарин дар шаҳри Душанбе ҶСК «Авитсенна» мебошад. Корҳои бунёди маҷмааи манзилӣ бар асоси лоиҳаи таҳияшуда аз ҷониби ҶСК «Саноатсоз» дар ҳамдастӣ бо ширкати чини «Лу Чен» ба иҷро мерасанд.
Паймонкори лоиҳа ширкати сохтмонии «Донг Франг»-и Синтзяни Чин интихоб шудааст. Тибқи лоиҳа, майдони сохтмони иншоот ҳудуди 40 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, муҳлати анҷоми сохтмон 20 моҳ муқаррар гардидааст.
Айни замон манзили зисти баландтарини пойтахти Тоҷикистон дорои 16 ошёна аст. Бинои аз ҳама баландтарини пойтахт иншооти маркази тиҷорати «Душанбе-Плаза» мебошад, ки баландиаш ба 92 метр баробар аст. Ин бинои муосири 22-ошёна 6-уми сентябри соли 2012 мавриди истифода қарор гирифта буд.



