Оғози сохтмони нахустин манзили зисти 24-ошёна дар пойтахт

Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе сохтмони нахустин манзили зисти 24-ошёна бо баландии 87 метр оғоз гардид. Маҷмааи манзилӣ дар мавзеи буриши кӯчаҳои Шотемур ва Турсунзода, каме дуртар аз боғи кӯдакони пойтахт, наздикии варзишгоҳи «Спартак» қомат меафрозад. Фармоишгари манзили зисти баландтарин дар шаҳри Душанбе ҶСК «Авитсенна» мебошад. Корҳои бунёди маҷмааи манзилӣ бар асоси лоиҳаи таҳияшуда […]


Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе сохтмони нахустин манзили зисти 24-ошёна бо баландии 87 метр оғоз гардид.

Маҷмааи манзилӣ дар мавзеи буриши кӯчаҳои Шотемур ва Турсунзода, каме дуртар аз боғи кӯдакони пойтахт, наздикии варзишгоҳи «Спартак» қомат меафрозад.

Фармоишгари манзили зисти баландтарин дар шаҳри Душанбе ҶСК «Авитсенна» мебошад. Корҳои бунёди маҷмааи манзилӣ бар асоси лоиҳаи таҳияшуда аз ҷониби ҶСК «Саноатсоз» дар ҳамдастӣ бо ширкати чини «Лу Чен» ба иҷро мерасанд.

Паймонкори лоиҳа ширкати сохтмонии «Донг Франг»-и Синтзяни Чин интихоб шудааст. Тибқи лоиҳа, майдони сохтмони иншоот ҳудуди 40 ҳазор метри мураббаъро фаро гирифта, муҳлати анҷоми сохтмон 20 моҳ муқаррар гардидааст.

Айни замон манзили зисти баландтарини пойтахти Тоҷикистон дорои 16 ошёна аст. Бинои аз ҳама баландтарини пойтахт иншооти маркази тиҷорати «Душанбе-Плаза» мебошад, ки баландиаш ба 92 метр баробар аст. Ин бинои муосири 22-ошёна 6-уми сентябри соли 2012 мавриди истифода қарор гирифта буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.