Ба табибони гиторнавози гурӯҳи «Парем» ҳукм содир шуд


Суди ноҳияи Синои пойтахт ба табибони гиторнавози гурӯҳи «Парем» Ҳакимҷон Ҳазратқулов, ки аввали моҳи апрел дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ҳалок шуд, ҳукм содир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дод, бо қарори суд мудири шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ Илҳом Носиров ба 800 нишондиҳандаи ҳисоб (1 нишондиҳанда – 40 сомонӣ) ҷаримабандӣ шуда, вале чун аллакай муддати се моҳ дар тавқифгоҳи муваққатӣ қарор дошт, ҳаҷми ҷарима то 400 нишондиҳандаи ҳисоб кам карда шуд. Ҳамчунин ӯ ба муддати ду сол аз фаъолияти тиббӣ маҳрум гардид.

Ба гуфтаи манбаъ, табибони шӯъба Шуҳрат Бобоев ба 700 нишондиҳандаи ҳисоб ва Осаф Сафаров ба 500 нишондиҳандаи ҳисоб ҷаримабандӣ шуда, ба фаъолияти тиббӣ машғул шудани онҳо дар муддати ду сол низ манъ карда шуд.

Рӯзи 17-уми марти соли ҷорӣ Ҳазратқулов бо ҷароҳати мағзи сар ба бинои 5-уми шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, баъди гузашти 43 рӯз дар ин шуъба фавтид.

Ҳарчанд ташхис ва муолиҷа дар ин шуъба ройгон аст, баргузории ҷараёни табобат ба зиммаи Илҳом Носиров ва зертобеъони ӯ вогузор шуда, аммо бо маслиҳати пешакӣ ва истифода аз вазъи душвори волидайни бемор, табибон падари нафақахӯри ӯ –  Муродқул Ҳазратқуловро маҷбур мекунанд, ки барои муолиҷа ва харидани доруворӣ маблағи пулӣ пардохт намояд.

Ҳамин тариқ, Илҳом Носиров муддати 43 рӯз аз падари бемор ба сифати пора 10 ҳазору 470 сомонӣ маблағи пулӣ гирифтааст. Барои харидани доруворӣ, ташкили навбатдорӣ, таъмин бо ғизо ва ғайра падари Ҳазратқулов дар маҷмӯъ 104 ҳазор сомонӣ маблағ хароҷот намудааст.

Пас аз фавти бемор дар шуъбаи эҳёгарӣ, Муродқул Ҳазратқулов ба Илҳом Носиров муроҷиат намуда, аз ӯ дархост мекунад, ки як қисмати маблағҳои ба сифати мукофотпулӣ барои табобати «пурсамари» писараш гирифтаро баргардонад. Санаи 16-уми июл Носиров дар ҳуҷраи кории худ як қисмати маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор сомониро ба Ҳазратқулов баргардонида, ин ҳангом аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод дастгир шудааст. Аз ҳамкорони ӯ барои тарк накардани маҳалли зист баёнот гирифта шуд.

Нисбат ба табибон мутобиқи моддаи 324-и КҶ ҶТ (Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд.

spot_imgspot_img

Популярное