Сафири Украина дар ҶТ ҳамзамон сафир дар Афғонистон низ таъин шуд

Президенти Украина Виктор Янукович сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюкро ҳамзамон сафири ин кишвар дар Афғонистон низ таъин кард. Дар сомонаи расмии сарвари давлатии Украина хабар дода мешавад, ки рӯзи 6-уми декабр дар ин бора фармони дахлдори В.Янукович ба имзо расидааст. Қаблан ба ҳайси сафири Украина дар Афғонистон Валентин Шевалев фаъолият дошт, ки бо фармони […]


Президенти Украина Виктор Янукович сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюкро ҳамзамон сафири ин кишвар дар Афғонистон низ таъин кард.

Дар сомонаи расмии сарвари давлатии Украина хабар дода мешавад, ки рӯзи 6-уми декабр дар ин бора фармони дахлдори В.Янукович ба имзо расидааст.

Қаблан ба ҳайси сафири Украина дар Афғонистон Валентин Шевалев фаъолият дошт, ки бо фармони сарвари давлати Украина аз мансаб сабукдӯш гардид.

Қобили зикр аст, ки муноисбатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Украина 24-уми апрели соли 1992 роҳандозӣ шуданд. Аз соли 1999 дар шаҳри Киев Намояндагии савдои Тоҷикистон фаъолият дошта, моҳи декабри соли 2010 дар пойтахти Украина сафоратхонаи Тоҷикистон боз шуд. Сафири феълии Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов мебошад.

Зимни сафари расмии президенти Украина Виктор Юшенко ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2008 ҷонибҳо дар бораи ифтитоҳи намояндагиҳои дипломатӣ ва марказҳои фарҳанг дар назди онҳо ба мувофиқа расида буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.