Кӯлоб: Эҳтимоли 12 сол тӯл кашидани сохтмони манзили зисти 5-ошёна


Сохтмони манзили зисти 5-ошёна, ки барои нахустин бор дар шаҳри Кӯлоб пас аз ба даст овардани истиқлолият шурӯъ шуд, метавонад ба муддати 12 сол тӯл кашад.

Майдони сохтмони ин бино дар микрорайони Борбад воқеъ буда, корҳои сохтмони он аз соли 2012 аз воситаҳои буҷети вилояти Хатлон ба иҷро мерасанд.

Сармеъмори шаҳри Кӯлоб Нуриддин Бозоров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки арзиши лоиҳавии сохтмони иншоот феълан 6,7 млн. сомонӣ арзёбӣ шуда, вале бо гузашти вақт болоравии ин маблағ низ аз эҳтимол дур нест, зеро нархи масолеҳи сохтмон ҳамасола рӯ ба афзоиш мениҳад.

Дар маҳалли сохтмони мутахассисон суръати хеле пасти ҷараёни сохтмони биноро ба тарзи нофаҳмои маблағгузории иншоот рабт доданд. «Соли аввал 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карданд, ки барои бунёди таҳхона ва таҳкурсии бино масраф шуда, имсол 700 ҳазор сомонӣ маблағ ваъда доданд, вале то ҳанӯз 200 ҳазор сомонии он ба мо нарасидааст ва бо маблағи ҷудошуда мо тавонистем танҳо як қисмате аз деворҳои биноро созем», – гуфтанд онҳо ва илова намуданд, ки боз лозим меояд, ки то расидани ҳаҷми боқимондаи маблағ сохтмони иншоот мавқуф гузошта шавад.

Дар ҳамин ҳол, масъалаи таъмини сокинони сол то сол афзояндаи шаҳри Кӯлоб бо манзили зист ба яке аз мушкилоти рӯзмарра табдил меёбад. Имрӯз танҳо барои соҳиб шудан ба қитъаи замин ҷиҳати сохтмони манзили зисти инфиродӣ  на камтар аз 4 ҳазор нафар сокинони шаҳр дар навбат мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное