БҶ: Низоми молияи Тоҷикистон ба буҳронҳо осебпазир аст


Дар гузориши ахир оид ба Барномаи шарикии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Тоҷикистон зикр мегардад, ки низоми молияи Тоҷикистон ба буҳронҳои минбаъда осебпазир аст.

«Санҷиши устувории бахши бонкии ҷумҳурӣ ба буҳронҳо нишон дод, ки ҷиҳати таҳкими вазъи сармоя, беҳбуди низомҳои идоракунии бонкӣ ва хатарҳо, таҷрибаи ҳисоботдиҳӣ ва ҳамчунин бартараф намудани вобастагӣ аз Бонки миллии кишвар дар соҳаи дастгирии бозоргирӣ кӯшишҳои минбаъда заруранд», – изҳор мекунанд муаллифони гузориш.

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ таъкид месозанд, ки нишондиҳандаҳои табдил ба сармоя ва даромаднокии бахши бонкии Тоҷикистон шояд аз будаш зиёд нишон дода шуда, бонкҳо бо мушкилоти бозоргирӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва сарфи назар аз афзоиши босуръати даромади соф дар зарфи 6 моҳи соли равон, ки ба 21,2 млн. $ расидааст, сатҳи даромаднокӣ паст боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, бинобар сабаби номутобиқатии муҳлатҳои пардохти дороиҳо ва пассивҳо бонкҳои Тоҷикистон ба камбуди бозоргирӣ дучор гардида, бештар ба қарзҳо аз ҷониби Боник миллӣ барои дастгирии бозоргирӣ ва таъмини эҳтиёҷоти молиявии худ вобаста мешаванд.

Қобили зикр аст, ки айни замон низоми бонкии Тоҷикистон аз 16 бонк, 1 ташкилоти ғайрибонкии молиявӣ, 37 ташкилоти хурди амонатгузорӣ, 42 муассисаи хурди қарздиҳӣ ва 39 фондҳои хурди қарзӣ иборат аст.  

spot_imgspot_img

Популярное