Норозигии раиси Қӯрғонтеппа аз собиқ раҳбарияти вилояти Хатлон

Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев аз собиқ раҳбарияти вилояти Хатлон изҳори норозигӣ намуд. Зимни мулоқоти раиси нави вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов бо фаъолони шаҳр ӯ дар ин робита изҳор кард, ки муддати 4 сол собиқ раҳбарияти вилоят ҷиҳати рушди шаҳри Қӯрғонтппа ва ҳалли мушкилоти он мусоидат накард. «Қисмати зиёди буҷети мо ба буҷети вилоят ирсол […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев аз собиқ раҳбарияти вилояти Хатлон изҳори норозигӣ намуд.

Зимни мулоқоти раиси нави вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов бо фаъолони шаҳр ӯ дар ин робита изҳор кард, ки муддати 4 сол собиқ раҳбарияти вилоят ҷиҳати рушди шаҳри Қӯрғонтппа ва ҳалли мушкилоти он мусоидат накард.

«Қисмати зиёди буҷети мо ба буҷети вилоят ирсол мешуд, аммо барои рушди шаҳр аз буҷети вилоят ягон дирам ҳам ҷудо нагардид», – гуфт Самиев.

Ба гуфтаи Самиев, Давлатшо Гулмаҳмадов аз вазъи шаҳр изҳори нигаронӣ кардааст. «Ман ба шумо супориш додам, ки шанбегӣ ташкил кунед, вале шумо танҳо чанде аз хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумиро ба шанбегӣ баровардеду халос», – гуфтааст раиси тозатаъини вилоят.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки раиси вилоят ҷиҳати вохӯрии ӯ бо соҳибкорони шаҳр супориш додааст. «Ман шахсан бо соҳибкорони шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқот карданиам», – гуфтааст Гулмаҳмадов.

Вохӯриҳои раиси тозатаъини вилояти Хатлон бо фаъолони шаҳру навоҳии вилоят идома дорад. Ӯ аллакай аз шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб боздид намуда, аз 6-уми декабр вохӯриҳояш бо фаъолони ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа оғоз гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".