Вазири фарҳанг: Маро кори бузургмиқёсе дар пеш аст

Вазири тозатаъини фарҳанги Тоҷикистон Шамсуддин Орумбеков дар робита ба оғози фаъолият дар мансаби нав изҳор намуд, ки ӯ дар ин низом кор карда, вале дар ин вазифа ӯро кори бузургмиқёсе дар пеш аст. «Ман бо як сафари корӣ аз Остона боздид намуда, дар доираи ҷаласаи Шӯрои фарҳанги назди Кумитаи ҳамгиройии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) бо […]

ASIA-Plus


Вазири тозатаъини фарҳанги Тоҷикистон Шамсуддин Орумбеков дар робита ба оғози фаъолият дар мансаби нав изҳор намуд, ки ӯ дар ин низом кор карда, вале дар ин вазифа ӯро кори бузургмиқёсе дар пеш аст.

«Ман бо як сафари корӣ аз Остона боздид намуда, дар доираи ҷаласаи Шӯрои фарҳанги назди Кумитаи ҳамгиройии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) бо вазирони фарҳанги Қазоқистону Белорус ва Русияву Қирғизистон мулоқот ва масоили ҳамкорӣ ва ҳамгиройии фарҳангӣ ва баргузории чораиниҳи муштаркаро баррасӣ намуда, тасмим гирифта шуд, ки дар Тоҷикистон ҷашнвораи китоб созмон дода мешавад», – гуфт ӯ.

Орумбеков зикр кард, ки дар бахши фарҳанг ислоҳот ногузиранд. «Ман ба роҳандозии ислоҳот ва беҳбудӣ дар ин бахш кӯшиш ба харҷ медиҳам. Аксарият фарҳанг ва бефарҳангиро фарқ намекунанд. Фарҳанг бояд ба он шакле рушд ёбад, ки аз ҷониби тамоми ҷомеа қобили қабул аст, ба тавре ки мардум чӣ гуна зебоиву ахлоқро эҳсос мекунад», – иброз дошт вазири нав.

Ёдрас мекунем, ки бо фармони президенти ҷумҳурӣ санаи 21-уми ноябр Шамсиддин Орумбеков вазири фарҳанги Тоҷикистон таъин карда шуд.

Шамсиддин Орумбеков 18-уми декабри соли 1956 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст. Маълумоташ олӣ, соли 1977 Донишкадаи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ва соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошкентро бо ихтисоси сиёсатшинос хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1977 ба ҳайси омўзгори мактаб шурўъ намуда, дар давоми солҳои 1978-1980 дар вазифаҳои муҳаррири Кумитаи телевизион ва радиои ВМКБ, солҳои 1980- 1995 инструктор, муовини мудири шуъба ва муовини раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи ВМКБ кор кардааст. Аз соли 1995-1997 дар мансаби сардори раёсати фарҳанг ва иттилооти ВМКБ ва аз соли 1997 то 2000- ум раиси идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон шуда кор кардааст.

Солҳои 2000-2011 дар вазифаҳои роҳбари дастгоҳи Раиси ВМКБ, муҳаррири рўзномаи «Мўнис», раиси ноҳияи Шуғнон, муовини раиси ВМКБ фаъолият намудааст.

Аз моҳи ноябри соли 2011 дар мансаби мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо кор кард.

Бо ордени Шараф сарфароз гардида, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.