Ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар сокинони ноҳияи Ёвон – Сироҷиддин Ашӯрови 30-сола ва Зикрулло Шарифови 43-сола боздошт шуданд.
Бино ба иттилои ВКД ҶТ, онҳо ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ боздошт гардидаанд.
«Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо 8 килою 680 грамм маводи нашъадори «афюн», 1 кило маводи «бангдона» ва 1 кило «ҳашиш», ҷамъ ба миқдори 10 килою 680 грамм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира карда шуд», омадааст дар хабари ВКД.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноии ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.



