Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 12-13-уми сентяьри соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, тасдиқ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи нақшаи тасдиқшуда дар кӯчаҳои протоколии пойтахт корҳои кабудизоркунӣ анҷом дода шуда, гулҳову буттаҳои ороишӣ шинонида мешаванд.
«Корҳои азнавсозии меҳмонхонаи «Пойтахт» ба итмом расонида шуда, мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати анҷоми сохтмони «Шератон» низ мусоидат хоҳад кард», – зикр мегардад дар хабари мақомоти шаҳрдорӣ.
Ба иттилои манбаъ, мақомоти шаҳрдории пойтахт ҳамчунин чорабиниҳои пешвози меҳмонони воломақом дар фурудгоҳро низ омода мекунанд.



