Душанбе ба нишасти сарони кишварҳои СҲШ омодагӣ мегирад

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 12-13-уми сентяьри соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, тасдиқ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи нақшаи тасдиқшуда дар кӯчаҳои […]


Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки рӯзҳои 12-13-уми сентяьри соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон доир мегардад, тасдиқ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи нақшаи тасдиқшуда дар кӯчаҳои протоколии пойтахт корҳои кабудизоркунӣ анҷом дода шуда, гулҳову буттаҳои ороишӣ шинонида мешаванд.

«Корҳои азнавсозии меҳмонхонаи «Пойтахт» ба итмом расонида шуда, мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати анҷоми сохтмони «Шератон» низ мусоидат хоҳад кард», – зикр мегардад дар хабари мақомоти шаҳрдорӣ.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти шаҳрдории пойтахт ҳамчунин чорабиниҳои пешвози меҳмонони воломақом дар фурудгоҳро низ омода мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".