Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Назира Ғаффорова дар Ассамблеяи байнипарлумонии Осиё таҳти унвони «Асри Осиё: ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод энергетика ва экология», ки чанде қабл дар шаҳри Исломобод ба кор шурӯъ намуд, ширкат меварзад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, ба ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин вакилони палатаи поёнии парлумон Олим Салимзода ва Амирхон Сафаров низ шомиланд.
«Зимни маърӯзахои худ дар Ассамблеяи байнипарлумонии Осиёи вакилони тоҷик таваҷҷуҳи ҳозиринро ба лоиҳаҳои гидроэнергеткии Тоҷикистон, дурнамои таъсиси бозори ягонаи энергетикии Осиё ва мушкилоти экологии минтақа ҷалб хоҳанд кард», – гуфт манбаъ.
Қобили зикр аст, ки ҷаласаи қаблии Ассамблеяи байнипарлумонии Осиё соли 2010 дар пойтахти Сурия баргузор шуда буд.



