Мусоидати намояндагии ХМ ба дарёфти волидайни духтари ноболиғ


Санаи  3-юми декабри соли равон ба дафтари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия муҳоҷирзан –шаҳрванди ҶТ Салимова Дилоро, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ  оиди дар кӯча дарёфт намудани як тоҷикдухтари 16-солаи ноболиғ муроҷиат  намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти намояндагии ХМ ҶТ дар Русия, зимни сӯҳбат бо муҳоҷирзан Салимова Дилоро, маълум шудааст, ки тоҷикдухтари ноболиғ Умеда Маҳмудоваи 16-соларо чанд рӯз қабл  муҳоҷирони қирғиз, ки дар Хадамоти коммуналии ноҳияи Останкинои шаҳри Москва фаъолияти меҳнатӣ доранд, ҳангоми рӯбучини кӯчаҳои  назди метрои ВДНХ ёфта, назди муҳоҷирони тоҷик, таҳти роҳбарии Ҳалимов Ҳошим сокини ноҳияи Рашт  оварданд. Шаҳрванд Ҳалимов Ҳошим аз ҳолати ногувори Умеда бохабар шуда, аз муҳоҷирзан Дилоро Салимова хоҳиш намуд, ки Умедаро дар манзили иҷоравиаш то пайдо шудани наздиконаш рухсат диҳад. 

Дилоро Салимова рӯзи дигар Умедаро ба дафтари Намояндагӣ овард. Намояндагӣ барои муайян кардани шахсияти Умеда фавран ба суроғаи истиқоматаш, ба мудири шӯъбаи САҲШ, ҷамоати Қарақчикуми шаҳри Конибодом Норбоева Мубина дархост равон карда, варақаи тасдиқкунандаи шахсияташро гирифт.

Намояндагӣ ҳамчунон ба Хадамоти Консулӣ муроҷиат намуда, ҳолати ба вуқӯъ омадаро  шарҳ дод. Хадамоти Консулӣ баъд аз тафтишоти ҳуҷҷатҳои қабулшудаи шаҳрвандон, оиди гирифтани шаҳодатномаи бозгашт ба ватан иттилоъ доданд, ки таърихи 27.11.2013 шаҳрванд Маҳмудов Расул Самиевич соли таваллудаш 14.10.1959,  бо ҳамроҳии духтараш Маҳмудова Умеда Расуловна соли таваллудаш 18.07.1997 шаҳодатномаи бозгашт ба ватан гирифтанд. Намояндагӣ ба муовини шаҳри Конибодом Ҷабборов Бурҳон Исоқбоевич муроҷиат намуда, хоҳиши дарёфти наздикони Умедаро иброз дошта,  тавассути онҳо суроғаи дар шаҳри Волгогради ФР фаъолияти меҳнатӣ доштани падару модарашро муайян намуданд.

Шаҳрванд Маҳмудов Расул бо оилааш Тураева Ҳаво ва духтараш Умеда баъди  ба анҷом расонидани фаъолияти меҳнатии мавсимӣ дар шаҳри Волгоград, замони ба ватан баргаштан бо сабаби бе эътибор шудани мӯҳлати шиноснома ва шаҳодатномаи духтараш аз тарафи сарҳадбонони ФР  ба онҳо иҷозати баромадан аз қаламрави Россия дода нашуда, онҳоро барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳояшон бозпас гардониданд.  Аз ин ҷиҳат Маҳмудов Расул  бо духтараш Умеда барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо, санаи 27.11.2013 ба Хадамоти  Консулии шаҳри Москва муроҷиат намуда, шаҳодатномаи бозгашт ба ватан тартиб дода, айни дар қатораи метро ворид шуданашон дар байни оммаи мардум якдигарро гум карданд. Баъди кофтукоби ду шабонарӯзӣ падару духтар якдигарро наёфта, Маҳмудов Расул  бо  дили ғусса ва умеди канда ба шаҳри Волгорад бармегардад.

Вале бо мусоидати Намояндагӣ Умеда дар меҳмонхонаи давлатии Ҳукумати ҶТ дар шаҳри Москва бо ҷои хоб ва хурду хӯрок ба муддати ду шабонарӯз таъмин карда шуд. Санаи  05.12.2013 ба дафтари Намояндагӣ аз номи Маҳмудов Расул яке аз хешони наздикаш Сангинов Мирзо Машрафович зодаи шаҳри Конибодом, шаҳрванди ФР,  ба дафтари Намояндагӣ  омада , Маҳмудова Умедаро бо изҳори миннатдорӣ ба назди падараш раҳсипор намуд.


Дар акс Умеда Маҳмудова

spot_imgspot_img

Популярное