Ҳамагӣ 1%-и русиягиҳо ба Эмомалӣ Раҳмон эътимод доранд

Ҳамагӣ 1%-и русиягиҳо ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимод доранд. Ҳамин миқдор Тоҷикистонро шарики боэътимод мешуморанд. Хоҳишмандони ба соҳибкорӣ машғул шудан дар Тоҷикистон умуман пайдо нашудаанд. Чунинанд натиҷаҳои назарпурсии Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум, ки миёни сокинони 46 минтақаи Русия гузаронида шудааст. Бино ба маълумоти назарсанҷӣ, русиягиҳо аз ҳама бештар ба президенти Белорус Александр Лукашенко […]

ASIA-Plus


Ҳамагӣ 1%-и русиягиҳо ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимод доранд. Ҳамин миқдор Тоҷикистонро шарики боэътимод мешуморанд. Хоҳишмандони ба соҳибкорӣ машғул шудан дар Тоҷикистон умуман пайдо нашудаанд. Чунинанд натиҷаҳои назарпурсии Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори умум, ки миёни сокинони 46 минтақаи Русия гузаронида шудааст.

Бино ба маълумоти назарсанҷӣ, русиягиҳо аз ҳама бештар ба президенти Белорус Александр Лукашенко (41%-и пурсидашудагон), Қазоқистон Нурсултон Назарбоев (33%) ва Украина – Виктор Янукович (10%) эътимод доранд. Мизони боварии русиягиҳо ба президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев – 5%, Арманистон Серж Саргсян – 3%, Ӯзбекистон Ислом Каримов, Молдова Николае Тимофти, Қирғизистон Алмазбек Атамбаев, Гурҷистон Михаил Саакашвили – 2%, Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 1%-ро ташкил медиҳад.

Ба андешаи сокинони Русия, кишварҳои муваффақи пасошӯравӣ Белорус (50%), Қазоқистон (ҳудуди 35%) ва Украина (21%) мебошанд. Озарбойҷон 7%-и овозҳоро соҳиб шуда, аз паси он бо фарқияти 1%-ӣ Арманистон, Гурҷистон, Молдова, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон қарор доранд.

Шаҳрвандони Русия бар ин назаранд, ки шарики боэътимодтарини Русия дар арсаи байнулмилалӣ Белорус (51%) аст. Дар идома Қазоқистон (37%) ва Украина (18%) қарор доранд. Арманистону Озарбойҷонро – 5%, Молдоваро – 3%, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Гурҷистонро – 2% ва Тоҷикистонро – 1%-и пурсидашудагон шарики боэътимоди Русия арзёбӣ кардаанд.

Дар робита ба муҳити тиҷорат дар кишварҳои пасошӯравӣ 30%-и пурсидашудагон изҳор намудаанд, ки он дар Белорус беҳтар аст. Беш аз 24%-и русиягиҳо дар Қазоқистон, 17% – дар Украина, 5% – дар Арманистону Озарбойҷон, 4% – дар Гурҷистон, 3% – дар Молдова ва Қирғизистон ва 2% – дар Ӯзбекистону Туркманистон хоҳиши ба тиҷорат машғул шуданро изҳор кардаанд. Хоҳишмандони ба соҳибкорӣ машғул шудан дар Тоҷикистон умуман пайдо нашудаанд.

Сабаби поинравии рейтинги Тоҷикистон дар ин назарпурсиро як зумра коршиносон ба афзоиши ҷараёни муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия рабт медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.