Суғд: Боздошти гумонбарони лату кӯби то марги декани яке аз факултаҳои ДДХ


Дар вилояти Суғд гумонбарони лату кӯби то марги декани яке аз факултаҳои Дорнишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) Мунир Хоҷаев боздошт шуданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар дода, бинобар сабаби идомаи тафтишот аз ифшои ҷузъиёти дигари ин ҳодиса худдорӣ карданд.

Қаблан хабар дода будем, ки бар асари ҷароҳатҳои расонида аз ҷониби афроди номаълум декани яке аз факултаҳои Донишгоҳи давлатии «Хуҷанд (ДДХ) Мунир Хоҷаеви 49-сола

ба ҳалокат расид.

Ӯ бо ҷароҳатҳои гуногун субҳи барвақти рӯзи 5-уми декабр дар яке аз истгоҳҳои автобуси шаҳри Хуҷанд дарёфт шуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное