Яке аз ширкатҳои бузурги воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ – «Газпромнефт-Тоҷикистон» эълом дошт, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкат дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд нархҳо поин рафтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» хабар доданд, ҳафтаи гузашта ширкат маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ аз Русияро дастрас намуда, аз имрӯз нархи маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода мешавад.
«Ҳаҷми сӯзишвории бидуни боҷи содиротӣ аз Русия воридшуда 5,6 ҳазор тонна бензин ва 3,8 ҳазор тонна сӯзишвории дизелиро ташкил дода, нархҳо ба ҳисоби миёна ба андозаи 20% коҳиш ёфтанд», – гуфтанд дар ширкат.
Ба иттилои манбаъ, арзиши бензини навъи АИ-98 дар Душанбе аз 7,40- то 6,30 сомонӣ, АИ-95 то 6 сомонӣ, АИ-92 аз 6,40 то 5,20 сомонӣ, АИ-80 – то 4,80 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ то 5,80 сомонӣ поин рафтааст.
Нархи бензини навъи АИ-98 дар Хуҷанд – 6 сомонӣ, АИ-95 – 5,60 сомонӣ, АИ-92 – 4,80 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ – 5,30 сомониро ташкил медиҳад. «Нархҳо дар пойтахт ва минтақаи шимоли ҷумҳурӣ барои он фарқ доранд, ки хароҷоти воридот ба минтақаи шимол нисбатан камтар аст», – гуфт манбаъ.
Нимаи ҳафтаи гузашта иттилоъ дода будем, ки комиссияи ҳукумати Русия оид ба фаъолияти лоиҳаи қонунгузорӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи тасдиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтӣ»-ро, ки аз ҷониби ВКХ дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетикаи Русия пешниҳод шуд,
маъқул шуморид.



