Воридоти бензини бидуни боҷи содиротӣ ба Тоҷикистон

Яке аз ширкатҳои бузурги воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ – «Газпромнефт-Тоҷикистон» эълом дошт, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкат дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд нархҳо поин рафтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» хабар доданд, ҳафтаи гузашта ширкат маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ аз Русияро дастрас намуда, аз имрӯз нархи маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода мешавад. […]


Яке аз ширкатҳои бузурги воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ – «Газпромнефт-Тоҷикистон» эълом дошт, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкат дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд нархҳо поин рафтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» хабар доданд, ҳафтаи гузашта ширкат маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ аз Русияро дастрас намуда, аз имрӯз нархи маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода мешавад.

«Ҳаҷми сӯзишвории бидуни боҷи содиротӣ аз Русия воридшуда 5,6 ҳазор тонна бензин ва 3,8 ҳазор тонна сӯзишвории дизелиро ташкил дода, нархҳо ба ҳисоби миёна ба андозаи 20% коҳиш ёфтанд», – гуфтанд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, арзиши бензини навъи АИ-98 дар Душанбе аз 7,40- то 6,30 сомонӣ, АИ-95 то 6 сомонӣ, АИ-92 аз 6,40 то 5,20 сомонӣ, АИ-80 – то 4,80 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ то 5,80 сомонӣ поин рафтааст.

Нархи бензини навъи АИ-98 дар Хуҷанд – 6 сомонӣ, АИ-95 – 5,60 сомонӣ, АИ-92 – 4,80 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ – 5,30 сомониро ташкил медиҳад. «Нархҳо дар пойтахт ва минтақаи шимоли ҷумҳурӣ барои он фарқ доранд, ки хароҷоти воридот ба минтақаи шимол нисбатан камтар аст», – гуфт манбаъ.

Нимаи ҳафтаи гузашта иттилоъ дода будем, ки комиссияи ҳукумати Русия оид ба фаъолияти лоиҳаи қонунгузорӣ лоиҳаи қонун «Дар бораи тасдиқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи ҳамкорӣ дар бахши таҳвили маҳсулоти нафтӣ»-ро, ки аз ҷониби ВКХ дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетикаи Русия пешниҳод шуд,

маъқул шуморид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".