Дар 11 моҳ мизони таваррум 3,4%-ро ташкил дод


Дар зарфи 11 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 3,4%-ро ташкил дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, нархҳои истеъмолӣ дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ба андозаи 0,3% афзуданд. Аз моҳи ноябри соли 2012 то моҳи ноябри соли ҷорӣ мизони тавррум 3,5%-ро ташкил дод.

Ёдрас мекунем, ки аввали сол ҳукумати Тоҷикистон нигоҳ доштани мизони таваррум дар сатҳи то 9% дар соли равонро ба нақша гирифта, вале нимаи соли ин пешгӯӣ то 7% кам карда шуд.

Тибқи пешгӯии ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ, соли равон мизони таваррум дар Тоҷикистон 5% пешбинӣ мешавад.

Соли гузашта мизони таваррум дар кишвар 6,4%-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 2,9% поинтар буд.

spot_imgspot_img

Популярное