Кӯлобу Қуния ба наздикӣ бародаршаҳр мешаванд


Ахири ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳури Туркия Фаррух Шарипов бо волии Қуния Муаммер Ерол ва шаҳрдори шаҳри Қуния Таҳир Акюрек мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо рафти иҷрои Протоколи ҳошиявӣ оид ба бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Кӯлоб ва Қуния, ки 17 декабри соли 2012 зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия ба имзо расида буд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, саноат, маориф ва варзиш байни шаҳрҳои Кӯлоб ва Қуния, инчунин таҳкими робитаҳои анаъанавии таърихӣ ва фарҳангӣ муҳокима шуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Протоколи мазкур ҳайатҳоро аз Кӯлоб ба Қуния ва аз Қуния ба Кӯлоб даъват намоянд.

spot_imgspot_img

Популярное