Кӯлобу Қуния ба наздикӣ бародаршаҳр мешаванд

Ахири ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳури Туркия Фаррух Шарипов бо волии Қуния Муаммер Ерол ва шаҳрдори шаҳри Қуния Таҳир Акюрек мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо рафти иҷрои Протоколи ҳошиявӣ оид ба бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Кӯлоб ва Қуния, ки 17 декабри соли 2012 зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳури Туркия Фаррух Шарипов бо волии Қуния Муаммер Ерол ва шаҳрдори шаҳри Қуния Таҳир Акюрек мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо рафти иҷрои Протоколи ҳошиявӣ оид ба бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Кӯлоб ва Қуния, ки 17 декабри соли 2012 зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия ба имзо расида буд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, саноат, маориф ва варзиш байни шаҳрҳои Кӯлоб ва Қуния, инчунин таҳкими робитаҳои анаъанавии таърихӣ ва фарҳангӣ муҳокима шуданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Протоколи мазкур ҳайатҳоро аз Кӯлоб ба Қуния ва аз Қуния ба Кӯлоб даъват намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.