Таҳкими робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ҷопон


Раиси Кумитаи муносибатҳои байнулмилалӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Олимҷон Салимзода бо даъвати ҳукумати Ҷопон субҳи имрӯз ба шаҳри Токио раҳсипор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни сафар ба Ҷопон вакили парлумони Тоҷикистон аз шаҳрҳои Токио ва Киото боздид намуда, бо намояндагони ҳукумат ва парлумон дидору гуфтушунидҳо анҷом медиҳад.

«Ҳадафи аслии сафари вакили тоҷик таҳкиму густариш бахшидан ба робитаҳои байнипарулмонии кишварҳо аст», – зикр кард Султонов.

spot_imgspot_img

Популярное