Ҳамсари руси муҳоҷири тоҷик ба истирдоди шавҳараш роҳ надод

Ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия шаҳрванди Русия, сокини ноҳияи Тейковои вилояти Иваново Наталя Дроздова муроҷиат кард. Дар аризаи худ ӯ иттилоъ додааст, ки ҳамсари ӯ – муҳоҷири кории тоҷик Азизулло Ҳакимови 32-сола, зодаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо ба гумони нақзи тартиботи будубош дар Русия […]

Аваз Юлдошев


Ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия шаҳрванди Русия, сокини ноҳияи Тейковои вилояти Иваново Наталя Дроздова муроҷиат кард.

Дар аризаи худ ӯ иттилоъ додааст, ки ҳамсари ӯ – муҳоҷири кории тоҷик Азизулло Ҳакимови 32-сола, зодаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо ба гумони нақзи тартиботи будубош дар Русия аз ҷониби кормандони Хадамоти федералии Муҳоҷират боздошт шудааст.

Котиби матбуотии намояндагони Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои риоя накардани тартиботи будубош дар қаламрави Русия суди ноҳияи Октябри вилояти Иваново А. Ҳакимовро ба ҷаримабандии маъмурӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор рубл ва ихроҷи маъмурӣ берун аз қаламрави Русия маҳкум кардааст.

«Бо мусоидати намояндагӣ ва расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ А.Ҳакимов аз болои қарори суди ноҳиявӣ ба суди вилояти Иваново шикоят бурд ва бо назардошти тамоми ҳолатҳои қазия, аз ҷумла ҳомиладор будани ҳамсари Ҳакимов, суди вилоят ба як қисмати қарори суди ноҳиявӣ тағйирот ворид намуда, бандҳои ихроҷи маъмурӣ ва нигоҳдорӣ дар қабулгоҳи махсус аз қарор бекор шуданд», – гуфт Аҳмадов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.