Зимни гузаронидани чораҳои махсуси фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Варзоб, миқдори ниҳоят зиёди маводи нашъаовари сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, чанде қабл кормандони шуъба автомашинаи тамғаи «Тойота-Королла» таҳти идораи сокини 26-солаи шаҳри Душанбе Талаб Сатторов боздошт намуда, ҳангоми кофтуков аз дохили он 27,6 кило маводи мухаддири героинро дарёфт ва мусодира кардаанд.
«Дар рафти тафтишот маълум карда шуд, ки маводи мазкур ба шаҳрванд Латифов Муҳиддин, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ тааллуқ дорад», – гуфта мешавад дар маълумоти ВКД ҶТ.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



