Нахуствазири ҷумҳурӣ сафири Чинро ба ҳузур пазируфт

Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжунро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, энергетика, савдо, коммуникатсия ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд. «Қоҳир Расулзода ба сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода сафири Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжунро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, энергетика, савдо, коммуникатсия ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.

«Қоҳир Расулзода ба сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо баҳои баланд дода, изҳори итминон кард, ки робитаҳои байнидавлатию байниҳукуматии дуҷониба минбаъд низ ба нафъи давлатҳо дар ҳоли густариш қарор хоҳанд дошт», – зикр кард Муҳиддинов.

Ба қавли ӯ, дар ҷараёни вохурӣ ҳамчунин атрофи масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои бузургмиқёс дар бахши сохтмони хатти интиқоли барқ, лӯлаҳои интиқоли нафту газ, иштирок дар бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, роҳҳои оҳану мошингард ва беҳбуд бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ табодули назар сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.